Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикисон омад

Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис вориди шаҳри Душанбе шуд.

Ҳадаф аз сафари Деннис Фрэнсис ба Тоҷикистон, иштирок дар Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аст.

Ин ҳамоиши сатҳи баланд аз  10 то 13 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Pressa.tj  иттилоъ доданд, дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии  беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Барои иштирок дар Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле, Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга, Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин, Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго, Мудири иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана, Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазли, муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва дигар меҳмонони воломақом ба Душанбе даъват шудаанд.

Барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ наздик ба сесад намояндаи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *