Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 70-сола шуд
Имрӯз, 23 июл мавлуди Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
Номбурда соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиро аз вазифаҳои корманди оддӣ дар сохторҳои амниятии сатҳи ноҳиявӣ оғоз намуда, дар мансабҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла сардори раёсат, муовини Вазири амният, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2007–2010 Саймумин Ятимов сафири Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Тоҷикистон дар созмонҳои Аврупо буд.
Моҳи майи соли 2010 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардида, аз моҳи сентябри ҳамон сол то имрӯз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба уҳда дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ