Раҷаббой Аҳмадзода

Раиси Суғд Алексей Груздевро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Алексей Груздевро, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мулоқоти дуҷониба Раҷаббой Аҳмадзода ва Алексей Груздев аз сатҳи қонунии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намудаанд.

Таъкид карда шудааст, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишвар сол то сол таҳкиму густариш дода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *