Раиси вилояти Суғд номи худро тағйир дод

Раиси вилояти Суғд, ки то ба ҳол бо номи Раҷаббой Аҳмадзода шинохта мешуд, номи худро тағйир дода, акнун бо номи Раҷаб Аҳмадзода муаррифӣ мегардад.

Манобеи наздик ба ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки минбаъд дар тамоми санадҳои расмӣ ва хабару матолиби расмии давлатӣ номи раиси вилоят ҳамчун Раҷаб Аҳмадзода сабт ва истифода хоҳад шуд.

Ин бори дуюм аст, ки раиси вилоят дар номи худ тағйир ворид мекунад. Сабабҳои расмии ин иқдом то ҳол эълон нашудаанд, аммо гуфта мешавад, ки чунин тағйир метавонад ба ангезаҳои шахсӣ ё таҳрири ҳуҷҷатҳои расмӣ вобаста бошад.

Номи нав аллакай дар сомонаи расмии ҳукумати вилояти Суғд ва дигар нашрияҳои вобаста ба он татбиқ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *