Раиси вилояти Суғд: 95% мушкилоти сокинони наздимарзӣ ҳал шудааст

Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки беш аз 95 дарсади мушкилоти сокинони минтақаҳои наздимарзии вилояти Суғд бо  Қирғизистон ҳал шудааст.

Ба гуфтаи раиси вилоят, мардуми ҷамоатҳои Чоркуҳи шаҳри Исфара, Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки бештар ба масъалаҳои сарҳадӣ даргир буданд, айни замон аз вазъи мавҷуда қаноатманданд ва “ягон мушкили ҷиддӣ” дар ин самт вуҷуд надорад. Масъалаҳои боқимонда характери ҷузъӣ дошта, дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута ҳалли худро меёбанд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки равандҳои аломатгузории марз бо Қирғизистон бар пояи баробарҳуқуқӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои сокинон амалӣ мешаванд.

 “Агар дар натиҷаи аломатгузорӣ сокинон манзили зисти худро аз даст диҳанд, ҳукумат онҳоро бо хонаҳои наву замонавӣ ва дорои шароити беҳтар таъмин мекунад,” – афзуд Аҳмадзода.

Бино ба иттилои мақомоти Суғд, Комиссияи байнидавлатии таъйини хатти сарҳад таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва  ҳамтои қирғизии ӯ Қамчибек Тошиев фаъолияти самаранок дорад. Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар ҷараёни ин раванд ҳуқуқи шаҳрвандон поймол намешавад.

Ҳамзамон, Аҳмадзода бозшавии ду гузаргоҳи марзӣ – “Гулистон – Қизилбел” ва “Маданият – Қайрағоч”-ро, ки рӯзи 13 март пас аз чаҳор соли баста будан дубора фаъол шуданд, “рӯйдоди таърихӣ” арзёбӣ кард. Вай изҳори умедворӣ намуд, ки тамоми гузаргоҳҳо дар ояндаи наздик фаъол хоҳанд шуд, вале аз ироаи маълумоти мушаххас дар бораи бозшавии гузаргоҳи “Овчӣ-Қалъача” худдорӣ варзид.

Миёни Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак вуҷуд дорад. Тибқи иттилои расмӣ, то имрӯз беш аз 90 дарсад ё тақрибан 875 километри он муайян ва аз ду тараф эътироф шудааст. Мақомоти ҳарду кишвар изҳор доштаанд, ки корҳои боқимонда дар ояндаи наздик ба анҷом мерасанд.

Ба таъкиди роҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд, гузаргоҳҳои фаъолшуда ба таври мунтазам фаъолият мекунанд ва барои рушди муносиботи иҷтимоиву иқтисодии сокинон мусоидат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *