Раисони Суғду Ботканд масъалаи марзро баррасӣ карданд

14-уми июн дар шаҳри Гулистон мулоқоти гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии раисони вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Бодканд Абдукарим Алимбаев баргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.

Инчунин дар ҳайати мазкур фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршиев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амнияти ду вилоят, раисони шаҳру навоҳии наздимарзӣ дохил буданд.

Дар ин мулоқот​ раиси Суғд ва​ намояндаи Қирғизистон аз кори гурӯҳ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид карданд, ки ҷонибҳо мушкилоти ҷайдоштаро бо роҳҳои дипломатӣ ҳал карда, барои таъмини​ амнияти сокинони минтақаҳои наздимарзӣ тадбирҳои заруриро ҷуста истодаанд.

Дар суҳбати​ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршиев масъалаи тақвияти чораҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии наздисарҳадӣ, пешгирии ҳар гуна яроқ ва истифодаи якҷояи оби полезиву нӯшокӣ баррасӣ гардид.

Дар охир санад омода гардида, аз ҷониби​ фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршиев имзо гузошта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *