Корманди гумруки тоҷик «Беҳтарин мутахассиси ИДМ-2023» шуд

Корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон Парвиз Тағоев ғолиби Озмуни байналмилалии «Беҳтарин мутахассиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2023» дар бахши ходими давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гардида, бо Дипломи дараҷаи 1, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома сарфароз гардид.

Тавре аз Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ доданд, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Қазоқистон ҳамроҳи ҷамъияти «Ҳаракати умумихалқии Бобек» барои муайян кардани беҳтарин мутахассисону кормандон байни кишварҳои ИДМ таҳти унвони «Беҳтарин мутахассиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2023» аз рӯи 21 бахш озмун баргузор гардида буд.

Дар ҷамъбасти озмун Парвиз Тағоев дар бахши ходими давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ беҳтарин дониста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *