Боздошти ду барқдузд дар Душанбе

Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе як ҳолати барқдуздӣ ошкор гардидааст, ки аз тарафи сарнозири истгоҳи барқӣ ва соҳибкор содир шудааст. Дар ин бора Прокуратураи шаҳри Душанбе хабар дод.

Зимни санҷиш ошкор шудааст, ки шаҳрванд Ш. Р. аз 7-уми апрели соли 2022 то инҷониб дар вазифаи сарнозири зеристгоҳи “Навбаҳор”-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино-1 кор карда, бо истифода аз мансабаш бо соҳибкор Т. А. маслиҳат карда, бо мақсади озод намудан аз пардохти ҳақи истифодаи қувваи барқ ва расонидани зарар ба ташкилоти таъминкунандаи нерӯи барқ, худсарона бо роҳи дуздӣ хати 3-ноқила (3-фаза) аз дастгоҳи тақсимотии 0,4 кВ ИТ-343/4 пайваст карда, нуқтаи мазкурро берун аз ҳисобгираки барқӣ бо нерӯи барқ таъмин намудаанд.

Тибқи хулосаи Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе муштарӣ Т. А. ба миқдори 60434,88 кВт/с қувваи барқро тариқи дуздӣ истифода бурда, ба маблағи 73307,51 сомонӣ ба филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе зарар расонидааст.

Айни замон нисбати шаҳрвандон Ш. Р. ва Т. А. парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *