Содироти тарбуз афзоиш ёфту нарх гарон

Содироти тарбузи барвақтӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар афзудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз мавсими аслии ҳосилбардории он фаро нарасида, дар бозорҳои кишвар нарх гарон аст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки имсол дар қиёс бо соли гузашта содироти тарбуз зиёд шуда, ҳосилнокӣ низ афзудааст.

Дар Тоҷикистон имсол дар масоҳати 14 ҳазору 674 гектар тарбуз кишт шудааст, ки 1 ҳазору 305 гектари он бо ҳосилнокии миёнаи 306 сентнер ҷамъоварӣ шуда, ҳосили умумӣ 39 ҳазору 984 тоннаро ташкил додааст. Аз ин миқдор то якуми июни соли равон 539 тонна тарбуз ба хориҷ, қабл аз ҳама Русияву Қазоқистон содирот шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *