Дар шумораи №24-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Бо ҳаёти духтарон бозӣ накунед!”, “Фиреб хӯрда, зани панҷум шудам”, “Дағалӣ зеби зан нест!” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобномаи исломӣ” таҳти унвони “Гарданбанди тиллоӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?” ва “Зан гирифтани шавҳар дар хоб” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

“Фиғони дили бепадар”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи як ҷавондухтар, ки аз сарнавишти модар, ошиқ шудану фиреб хӯрдани ӯ, номардиҳои падар ва рӯзгори сахташон нақл мекунад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст.

“Бибиямро куштӣ, оча” боз як қиссаи тарбиявӣ буда, барои занону бонувон дарси зиндагӣ аст. Дар қиссаи мазкур зиндагии оилае тасвир ёфтааст, ки бо сабаби беандешагиву бадрафтории зан-модари хонадон фарзандон сарсону парешон, шавҳар сархаму дилсард мегардад. Овозаи бадрафтории зан оқибат ба гӯши модараш низ мерасаду сабабгори маргаш мегардад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз саволи муҳими Диловар Сафаров то “Бахти сафед”-и Ралик” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Суҳбати сари роҳ” таҳти унвони “Ба хотири Бурак блогер шудам” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро оид ба кору фаъолияти блогери ҷавону шинохта Ҳоҷӣ Иброҳим мутолиа карда метавонед.

Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “Табобати занҳои безурёт бо гиёҳҳои табобатӣ” ва “Меваҳои ситрусӣ ҷоғарро нест мекунанд?” маводҳои тиббиро оид ба бемориҳои номбаршуда мутолиа карда метавонед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *