Ралик

Ралику Навик МС ҳаҷ намераванд

Дар пасманзари тарки рэп кардани Шон МС ва ба ҳаҷи умра рафтанаш чанде аз рэпсароён кори ӯро такрор карданд, вале ду рэпсарои шинохтаи тоҷик — Ралик ва Навик МС, ки услуби хонданашон як аст, дар ютубканалҳои худ бо нашри наворҳои кӯтоҳ хабар доданд, ки ҳоло тарки рэп кардану ҳаҷ рафтанӣ нестанд.

— Бисёр хуб аст, ки Шон МС тарки ин роҳ карду ба хонаи Худо рафт ва маро ҳам бисёр мепурсанд дар ин бора. Бародарон, шарт нест, ки барои тарки рэп кардан, ҳатман ҳаҷ равам, балки аввал гуноҳкуниро кам мекунаму баъд он ҷойҳои муқаддас меравам,- гуфт Навик МС.

Ҳамчунин, Ралик ҳам дар навори нашркардааш чунин ибрози назар кард:

— Мухлисон бисёр гуфта истодаанд, ки бояд рэпро бас карда, ҳаҷ равам, вале ҳоло ман ин ниятро надорам. Ҳоло аз пайи эҷоди рэпҳои нав ҳастам. Вақташ расид, ҳатман ман ҳам меравам.

Ёдовар мешавем, ки наздики як моҳ инҷониб хабари тарки рэп кардану ба ҳаҷ рафтани ситораи рэпи тоҷик Шон МС дар сархати матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан “Ютуб” ва “Инстаграм” қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *