Раъно Икромова бо 1150 хол «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» эълон шуд

Дар толори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» натиҷагирӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, панҷ нафар довталаб аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Икромова бо 1150 хол «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» эълон шуда, ба ӯ туҳфаҳои таъсиснамудаи Вазорати маориф ва илм, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Ба Моҳира Худоназарова- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 шаҳри Душанбе, Модавлат Чоршанбиева- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ноҳияи Шуғнон, Идигул Алиева- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 шаҳри Ваҳдат, Шуҳрат Мирзоев- омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб низ ҳамчун иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ мукофотҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм супорида шуд.

Ҳамчунин, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Икромова, М. Худоназарова, М. Чоршанбиева, И. Алиева бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ш. Мирзоев бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонда шуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *