“РАВ-4” духтарчаи 6-соларо кушт

3-юми апрели соли 2017, тахминан соати 19:50-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Ленд-Ровер”, марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Испечак ба самти маҳаллаи Чоряккорони пойтахт, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “РАВ-4”, таҳти идораи ронанда, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.

Автомашинаи тамғаи “РАВ-4” дар навбати худ, пиёдагардон: зани 39-сола ва духтарчаи 6-солаи сокинони ноҳияи Бохтарро пахш намудааст. Дар натиҷа духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, зани 39-сола бистарӣ гаштааст.
Нисбати ҳодисаи мазкур таҳқиқот бурда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *