Рекорди Ҳошим Гадо. “Ман навиштанро нав оғоз кардам!”.

Одатан, барои гӯшаи “Аёдат” мо ба дидорбинии бузургон меравем ва аз рӯзгорашон барои шумо менависем. Вале ин ҳафта Ҳунарпешаи халқиии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, актёр, режиссёр, нависанда, профессор Ҳошим Гадо ба аёдати мо омад…  

Ҳошим Гадо ҳамеша бо ҳаёҳӯй ва ҳангома меояд, вале ин дафъа ором буд.

– Чой, қаҳва, об? Чӣ мехоҳед?,- пурсидам аз ӯ.

– Мехоҳам маро гӯш кунӣ…,- гуфт ӯ ва ба кофтани ҷузвдонаш оғоз кард.

Ҳамоно ҳарф намезад ва китоби навашро рӯйи миз гузошт.

Хошим Гадо

КОЛОСС…

1000 том

– Ваҳ, олӣ! Рекорд гузоштед,- гуфтам ва китобро ба даст гирифта, ба варақ задан пардохтам.

Аз дастам гирифту гуфт:

– Ман ки рафтам, баъд мехонӣ…

Ва ба ҷамъ овардани чизу чорааш оғоз кард…

Аҷиб аст Ҳошим Гадо…

Бузургон вежагиҳои худро доранд. Ӯ ҳам истисно нест.

Як дӯстам рӯзе дар бораи Ҳошим Гадо суолҳои зиёде ба ман дод, ки ҳозир бо дидани ин ҳунарманди нотакрор ва ба даст гирифтани ҷилди ҳазоруми осораш, ба ёдам омад.

Пурсид:

– Ҳошим Гадо кист?

Посух додам:

– Ӯ актёри бузурги тоҷик аст! Беназир аст. Дар театр беш аз 150 ва дар кино беш аз 50 нақш офаридааст. Суҳроб, Фердинан, Гамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип аз беҳтарин нақшҳои офаридаи ӯ ҳастанд. Эдипи офаридаи ӯ аз намоиши “Шоҳ Эдип”-и Софокл дар ҳунари ҷаҳонӣ назир надоштааст. Инро ҳунаршиносону ҳунармандон эътироф кардаанд. Ё Суҳробашро аз филми “Рустам ва Суҳроб” ба ёд биёред… Магар ӯ бузург нест?

Боз суол мекунад:

– Ҳошим Гадо чӣ мехоҳад?

– Ҳошим Гадо ҳеҷ чиз намехоҳад. Ӯ фақат мехоҳад, ки шунида шавад.

– Ҳошим Гадо чӣ гуфтан мехоҳад?

– Эҷодкорони олам – Софокл, Шекспир, Рӯдакӣ, Мавлавӣ, Пушкин, Толстой… чӣ гуфтан мехостанд? Ҳошим Гадо ҳам ҳамонро гуфтан мехоҳад…

– Ҳошим Гадо чаро китоб менависад?

– Чун дигар имкони нақшофарӣ ва коргардонӣ надорад, дардашро ба василаи навиштан изҳор мекунад…

– Ҳошим Гадо чӣ дард дорад, ки ин қадар аз дард мегӯӣ…

– Дарди эҷодкорро ту намефаҳмӣ. Ҳамаи эҷодкорони олам чунинанд, дарди башар дарди онҳост…

– Ҳошим Гадо чӣ менависад?

– Бардоштҳояшро аз зиндагӣ…

– Ҳошим Гадо чаро китоб мефурӯшад?

– Худаш ба ин суол борҳо посух додааст: деҳқон картошка мекорад, ҳосилашро ба бозор мебарорад, ман китоб менависам, маҳсули заҳматамро мефурӯшам…

– Ҳошим Гадоро дар роҳ дидам, бо ман андак суҳбат кард, ҳеҷ чиз нафаҳмидам. Бисёр беқарор буд…

– Бале, ӯ вулқон аст! Бо Ҳошим Гадо суҳбат кардан бисёр душвор аст. Ӯро фаҳмидан боз душвортар. Рӯҳи ӯ дар пайкараш намеғунҷад, бинобар ин, беқарор аст…

Ва воқеан, Ҳошим Гадо бисёр беқарор аст. Ҳоло ҳам ҷузвдонашро ҷамъ карду рафтанӣ шуд.

– Як суол дорам, ба он посух диҳеду баъд равед,- гуфтам.

– Фақат як савол… Гӯш мекунам,- гуфт.

– Ҷилди ҳазоруми осоратон чоп шуд. Ин ҷилди охирин аст ё боз менависеду нашр мекунед?,- суол кардам аз ӯ.

– Ман нав навиштанро ёд гирифтам. Ин 1000 ҷилд машқи қалам буд. Ҳоло ҳарфи диламро нагуфтаам. Ман акнун навиштанро оғоз кардам!,- гуфт ва аз дар берун шуд…

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *