Ректор: Табиб бояд гиребонгир набошад!
Нуриддин Муҳиддинзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оид ба қазияи донишҷӯёне, ки 1 нафарро латукӯб ва дастгир шуданд, ҷавоб дод.
Ӯ дар нишасти матбуотӣ имрӯз, 14 феврал гуфт, ки ҳамаи онҳо, яъне 6 нафар тибқи муқаррароти донишгоҳ хориҷ карда шуданд. Фармони ихроҷи онҳо пас аз як рӯзи иҷрои ҷинояти авбошӣ имзо шуд.
“Табиб бояд гиребонгири инсон набошад. Агар ҷавоне, ки ҳиссиёти инсондӯстӣ надошта бошад, беҳтараш ин риштаро интихоб накунад. Ин ихтисос саропо муҳаббат ба инсонро талаб мекунад. Муҳаббати духтур ба ҷомеа бояд беандоза бошад, аз дигарон фарқ кунад. Он муҳаббат бояд бо самимияти воқеӣ омехта бошад”, — афзуд Муҳиддинзода Нуриддин, ректори донишгоҳ.
Ба таъкиди ректор, хориҷ кардани ин донишҷӯёни авбош ба дигарон дарс ва намуна мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 6-уми феврали соли ҷорӣ, як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар заминаи нофаҳмиҳои лафзӣ Бобоев М., сокини 29-солаи н.Деваштичро мавриди латукӯб қарор доданд.
Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт донишҷӯёни курси дуюми донишгоҳи мазкур Юсупов А., Сайитов Ҷ., Шомуродов Х., Бабакулов И., Икромзода А., Самадов Ш. дастгир карда шуданд.
Барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ нисбати ҳамаи иштирокчиёни муноқиша протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар кадоме ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ