футбол

Резаахбор: Аз голи аввалини Ҳанонов дар Эрон то Ҷоми Осиё-2023

Ҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов голи аввалини худро дар ҳайати бошгоҳи футболи «Персеполис» дар чемпионати Эрон зад. “Персеполис”-и Ваҳдат Ҳанонов дар меҳмонӣ бар дастаи “Трактор” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Футболбози тоҷик дар дақиқаи 90+5-уми вохӯрӣ голи ғалабаовар ба ҳадаф расонд. Пас аз бисту ду давр дастаи «Персеполис» бо 45 имтиёз, як хол кам нисбат аз «Сипоҳон», дар ҷойи дуюми ҷадвал қарор дорад.

***

Аввалин муборизи UFC аз Тоҷикистон Нурулло Алиев баъд аз пирӯзиаш дар Лас Вегас рӯзи 26-уми феврал қурбонии ғорат шуд. Як рӯз пас аз пирӯзӣ бар Рафаэл Алвеси бразилӣ, мошини Алиевро дар таваққуфгоҳи меҳмонхонаи “Палас Стейшн” ғорат карданд. Аз мошин 6 борхалта, ки дар дохили он ашёи гуногун, пул, ҳуҷҷатҳо ва дастгоҳҳои электронӣ буд, дуздида шуд.

***

Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Хусрав Тоирови 18-сола аз дастаи «Атирау»-и Қазоқистон ба дастаи «Шахтёр»-и Донетск рафт. Клуб ва футболбоз то соли 2028 шартномаи ҳаморкӣ бастанд. Хусрав Тоиров дастпарвари бошгоҳи «Локомотив-Помир»-и Душанбе аст, ки моҳи августи соли 2022 бо дастаи «Атирау»-и Қазоқистон шартнома баст. Тоиров бозигари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U20) аст, ки моҳи сентябри соли 2022 дар ҳайати он аввалин бозӣ карда, то имрӯз 5 бозӣ анҷом додааст.

***

11-уми май дар шаҳри Доҳа қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад. Дар қисми ниҳоии чемпионати Осиё 24 даста дар 6 гурӯҳ бозӣ мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи аввал ва чор дастаи беҳтарини зинаи сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *