Резаахбор: Аз истеъфои Бег Сабур то ғалабаи “Соро компания”

14-уми ноябр дар КМОТ ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Федератсияи бокси Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа истеъфои президенти федератсия Бег Сабур тасдиқ гардида, номзадии Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ба ҳайси президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон пешбарӣ ва аз ҷониби аъзои федератсия интихоб шуд.

***

9-уми ноябр ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо президенти Федератсияи заврақронии слаломи Русия Сергей Папуш мулоқот кард. Ҷонибҳо барои баргузор намудани як мусобиқаи байналмилалии заврақронии слалом дар арафаи ҷашни Наврўз дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

***

Дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 14-сола, ки дар шаҳри Ҳисор ҷараён дорад, бозиҳои даври сеюм баргузор шуданд, ки дар натиҷа дастаҳои Тоҷикистону Афғонистон шашимтиёзӣ ба даст оварда, садри ҷадвалро ишғол карданд.

***

Рўзҳои шанбе ва якшанбеи 12 ва 13-уми ноябр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду бозии аввали силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзал-2022 баргузор шуданд, ки дар онҳо клубҳои пойтахт — «Соро компания» ва «Истиқлол» вохўрданд. Бозии аввал бо натиҷаи 3:2 ва бозии дуюм бо натиҷаи 4:3 бар нафъи «Соро компания» ба охир расиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.