Резаахбор: Аз истеъфои Лоиқов то натоиҷи мусобиқоти Coca-Cola

19-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар мувофиқа бо президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо президенти феълии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо хоҳиши худ аз вазифа истеъфо дода, Исмоили Маҳмадзоир бо ҷонибдории якдилонаи ҳайати ҷаласа президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб карда шуд.

***

Арзиши дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон пас аз мусовӣ бо тими Русия 1 миллиону 370 ҳазор евро гарон шуд. Тибқи маълумоти охирини портали Transfermarkt, нархи тими миллии Тоҷикистон 1 миллиону 370 ҳазор евро боло рафта, ҳоло маблағи умумии тими миллии Тоҷикистон 6 миллиону 650 ҳазор евро арзёбӣ мешавад. Дар ҷои аввал футболбози ССКА-1948-и Булғористон Парвиз Умарбоев қарор дорад, ки маҳорати касбиаш 750 ҳазор евро аст. Алишер Ҷалилов, футболбози АГМК-и Ўзбекистон бо 700 ҳазор евро ҷойи дуюмро гирифт.

***

Рўзи 26-уми ноябр дар шаҳри Гории Гурҷистон мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо миёни бузургсолон (European Judo Championships — Champions League (W&M) 2022) баргузор мешавад. Рақобатҳо аз рўи 10 вазн (5 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) байни 161 ҷудокор аз 26 кишвари ҷаҳон доир мешаванд. Ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа Темур Раҳимов зери вазни беш аз 100 килограмм аст.

***

Тибқи натоиҷи мусобиқоти Coca-Cola-чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 дар гуруҳи «Б» ду бошгоҳи вилояти Суғд — «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Равшан»-и Зафаробод мавқеи худро дар Лигаи олӣ нигоҳ дошта натавонистанд ва соли оянда дар лигаи якум бозӣ мекунанд. «Истаравшан» дар бозии охир аз «Регар-ТадАЗ» (0:2) ва «Равшан» аз «Файзканд» (1:4) мағлуб шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *