Резаахбор: Аз ринги Тайсон то бозии ӯзбекҳо бо Булғористон

Тайсон Фюри ва Фрэнсис Нганну 28-уми октябр дар Арабистони Саудӣ ба ринг мебароянд. Моҳи декабри соли 2022 Тайсон Фюри тариқи нокаути техникӣ дар раунди даҳум Дерек Чисораро мағлуб карда буд. Фрэнсис Нганну моҳи январи соли 2023 аз UFC канор рафт. Рақобати охири ӯ моҳи январи соли 2022 шуда буд, ки ӯ Сирил Ганро ноком кард.

***

Аҳтам Назаров шартномаашро бо клуби «Андиҷон»-и Ӯзбекистон, ки аввали мавсим баста буд, қатъ кардааст. Ин бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо сабабҳои мушкил дар вазъи оилавиаш ба клуб муроҷиат кардааст. Клуб ҳам бо ӯ ба мувофиқа расидааст. Назаров дар ҳайати «Андиҷон» дар панҷ вохӯрии Супрелига ва як вохӯрии Ҷоми Ӯзбекистон ширкат кардааст.

***

Шиноварони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии варзишҳои обӣ, ки дар Фукуокеи Ҷопон баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Варзишгарони Тоҷикистон аз ҳисоби квотаи Федератсияи байналмилалии варзишҳои обӣ ба ин мусобиқа даъват шудаанд. Фахриддин Мадкамов ва Екатерина Бордачева Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.

***

Бори аввал як дастаи Осиёи Марказӣ бо дастаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозии дӯстона анҷом медиҳад. Моҳи сентябр дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо дастаҳои ИМА ва Мексика қувва месанҷад. Дар ҳамин замон ӯзбекҳо бояд бо Булғористон бозӣ мекарданд, аммо ситоди мураббиҳо тамринҳоро ба ИМА кӯчониданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *