Резаахбор: Аз тасмими Руслан то муборизаи Манучеҳр бо беморӣ

Дастпарвари академияи дастаи футболи “Зенит”-и Санкт-Петербург Руслан Хайлоев тасмим гирифтааст, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул карда, дар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозӣ кунад. Нимҳимоятгари 19-сола бо «Зенит» қарордодашро қатъ карда, ба Тоҷикистон омадааст. Ў аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъватнома гирифтааст.

***

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии қазоқкуреш, ки аз 31-уми август то 3-юми сентябр бо ширкати паҳлавонон аз 20 кишвар баргузор шуд, ба гирифтани 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) даст ёфтанд. Раҳмроз Раҷабов дар вазни -82 кг нишони нуқраро соҳиб шуд. Нишонҳои биринҷиро Валимуҳаммад Боқиев дар вазни то 80 кг ва Рашид Зиёбеков дар вазни то 100 кг ба даст оварданд.

***

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бозии аввалинашро бо дастаи мунтахаби Лаос рўзи 9-уми сентябр баргузор мекунад. Сипас, бо дастаи Австралия ба майдон мебарояд. Ин бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

***

Яке аз бозикунҳои маъруфи футболи Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов имрўзҳо бо беморӣ мубориза мебарад. Дастаҳои асосӣ ва дастаи олимпии футболи Тоҷикистон пеш аз омодагиҳо ба Ҷалилов орзуи шифо кардаанд. Ба навиштаи sports.tj, Манучеҳр Ҷалилов дар шаҳри Маскав аз бемории онкологӣ табобат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.