Резаахбори варзишӣ: Аз Бозиҳои Саудӣ то вохўрии «Хатлон» бо КМВА

28-уми октябр дар варзишгоҳи “Шоҳ Фаҳд”-и Риёз маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои Саудӣ баргузор шуд, ки дар он ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ширкат кард. Аввалин Бозиҳои Саудӣ аз рўи 45 намуд ва равияи варзишӣ то 7-уми ноябр идома меёбад.

***

Тибқи хабари ВВС эҳтимол аст дастаи мунтахаби Тунис аз Ҷоми ҷаҳонии Қатар 2022 маҳрум карда шавад. Далели ин ба кори Федератсияи футболи ин кишвар дахолат кардани ҳукумат гуфта мешавад. Тунис дар гуруҳи “D” дар баробари Дания, Австралия ва Фаронса бояд бозӣ кунад. Мусобиқа 20-уми ноябр дар Қатар оғоз мешавад.

***

Бо даъвати Федератсияи футболи Эрон ҳайати доварон аз Тоҷикистон бозии дўстона миёни дастаҳои Эрон ва Никарагуаро, ки 10-уми ноябр дар Теҳрон баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад. Довари марказии бозӣ рефери FIFA Гулмуроди Саъдуллои 31-сола хоҳад буд. Ба ў ёварони довари FIFA Акмал Бўриеви 36-сола ва Фарҳод Куралови 29-сола кумак мекунанд.

***

Бозиҳои марҳилаи дуюми Чемпионати футболи Тоҷикистон дар Лигаи олӣ, ки дастаҳо ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд, оғоз шуданд. Дар гуруҳи аввал дастаҳои пешсафи ҷадвал ва дар гуруҳи дуюм дастаҳои зинаҳои баъдӣ байни ҳам бозӣ мекунанд. Дар бозии гуруҳи якум байни дастаҳои «Равшан» ва «Хуҷанд» ғолиб маълум нашуд. Дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигар сеголӣ заданд. Вохўрии «Хатлон» бо КМВА бо натиҷаи 4:3 ба нафъи бохтариҳо ба анҷом расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *