Резаахбори варзишӣ: Аз медалҳои варзишгарони тоҷик то даҳ бозии футбол дар Ҳисор

Дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон мусобиқаи 3-юми байналмилалии таэквандо “Namangan Open” баргузор шуд, ки варзишгарон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон ва Ўзбекистон ширкат карданд. Аз Тоҷикистон 37 варзишгар, 10 мураббӣ ва 4 довар сафарбар гардида, бо 13 медал (6 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ) ба ватан баргаштанд.

***

FIFA ва UEFA баргузории бозии дўстона миёни дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Иҷозат барои бозӣ дода шудааст ва натиҷаи вохўрӣ дар рейтинги FIFA ба инобат гирифта мешавад. Дар ин бозӣ 6 ивазкуниро дастаҳо метавонанд анҷом бидиҳанд. Бозӣ 17-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

***

Муштзани тоҷик Шавкат Раҳимов дар шаҳри Абузабии АМА нахустин бор дар таърихи бокси ҳирфаии тоҷик чемпиони IBF шуд. Раҳимов тавонист, ки дар раунди 9-ум муштзани номдор ва пуртаҷрибаи бритониёӣ Зелфа Барреттро мағлуб кунад ва унвони қаҳрамониро соҳиб шавад. Раҳимов дар ҳисоби хеш 17 муҳорибаи бидуни бохт дорад.

***

Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-14) таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар Чемпионтаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки то 18-уми ноябр дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар чемпионати CAFA-2022 (U-14) дастаҳои Афғонистон, Эрон, Туркманистон ва Ўзбекистон низ ширкат мекунанд. Дар маҷмуъ, даҳ бозӣ баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *