Рисолаи доктории устоди ДМТ беҳтарин дониста шуд

Рисолаи доктории устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Боймурод Шарифзода аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин рисолаи даҳ соли ахир эътироф шуд.

Боймурод Шарифзода 60 сол дошта, муаллифи 5 китоб ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ аст. Самти фаъолияти илмиаш таҳқиқи афкори адабӣ ва танқидии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик мебошад.

Ӯ факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст. Солҳои 1989—1990 лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1991—1994 лаборанти калон, стажёр — муҳаққиқ ва 1994—1998 аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1996—1998 муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия ва илм, 1998—2003 ҳамзамон ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ рӯзноманигор ва ҳуруфчину тарроҳи компютерӣ, 2003—2004 муовини декани факултети филологияи тоҷик, 2004—2007 декани факултети филологияи тоҷик буд.

Аз соли 2012 то 2020 декании факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айниро ба уҳда дошт.
Чандин сол директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.

Номбурда ҳоло дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти омӯзгорӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *