Ритик Рошан дар 48-солагӣ лётчик мешавад?

Солҳои охир филмҳои ҳиндӣ қариб ки аз мӯд баромадаанд, вале ман то ба ҳол мухлиси ҳамин филмҳо ҳастам ва ҳунармандони ҳиндуро дӯст медорам. Яке аз ҳунармандони дӯстдоштаам Ритик Рошан мебошад, вале аз чӣ бошад, ки вақтҳои охир ӯро дар синамо хеле кам мебинем. Мегӯянд, ки Ритик Рошан тарки касби актёрӣ намуда, бизнесмен шудааст. Ин овоза ягон асос дорад?

МАТЛУБА, шаҳри Ҳисор

Посух:

— Хоҳари азиз, Матлубахон! Овозаҳои шунидаатон дар бораи он ки ҳунарманди машҳури Ҳиндустон Ритик Рошан тарки касби актёрӣ намуда, думболи пешаи дигарро гирифтааст, ягон асос надоранд, вале чанд вақт мешавад, ки ин ҳунарманди машҳури ҳиндӣ маҳорати ҳавонавардиро омӯхта истодааст. Дар 48-солагӣ Ритик Рошан лётчик шуданист ва айни замон як гуруҳи калони инженерон ва ҳавонавардон ба ин ҳунарманди шинохта нозукиҳои тайёра ва тарзи парвози онро ёд дода истодаанд.

Тавре худи Ритик Рошан дар саҳифаи шахсиаш дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, вай бояд муддати 12 ҳафта ҳунару маҳорати ҳавонавардиро омӯхта, лётчики ҳақиқӣ шавад.

Омӯхтани ҳунари ҳавонавардӣ ба Ритик Рошан барои филми наваш зарур будааст, ки дар он ин ситораи Болливуд нақши лётчикро бозӣ мекунад. Дар ин филм ҳамчунин Дипика Падукон ва Анил Капур ҳамроҳи Ритик Рошан нақшҳои асосиро меофаранд.

Ритик Рошан 48-сола шуда бошад ҳам, то ҳол талабгорони зиёде дорад ва ҳар сол дар филмҳои нав ба нав нақшҳои марказиро мебозад. Чанд рӯз пеш филми нави Ритик Рошан “Викрам Веда” ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби тамошобинон баҳои хеле баланд гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *