РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?

Дар Тоҷикистон аз оғози соли гузашта баҳисобгирии электронии Рақами мушаххаси андозсупоранда роҳандозӣ шудааст. Акнун РМА-ро аз хона метавон фармоиш дод. Дар ин бора Кумитаи андоз дар Телеграм-канали худ бо нашри дастурамали наворӣ хабар додааст. 

Ба гуфтаи манбаъ, ташаббуси мазкур дар раванди рақамикунонии хадамоти андозӣ бо мақсади сода кардани ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ роҳандозӣ шудааст.

РМА-и электрониро дар сомонаи Кумитаи андоз — andoz.tj ба даст овардан мумкин аст. Мо раванди кори сомонаро санҷидем.

Барои гирифтани РМА дар сомонаи andoz.tj тугмаи “Шахсони воқеӣ”-ро пахш карда, “Баҳисобгирии РМА”-ро интихоб кунед. Дар экран равзана бо аризаи электронӣ кушода мешавад. 

Дар ариза мебояд ному насаби гирандаи РМА, ном ва насаби падар ё модари ӯ, номи мақомоти андози маҳали истиқомат, ҷинсият, санаи таваллуд ва навъи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва рақаму санаи онро қайд намуд. 

Дар қисми дуюм бошад, акси шахсӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва нусхаи шаҳодатнома ё шиносномаро боргузорӣ намуда, суроғаи ҷойи зист ва рақами телефону суроғаи электронии худи гирандаи РМА ё волидони ӯ ва маълумот дар бораи падар ё модарашро ишора кардан лозим аст.

Воқеан, боргузории акси “ҳуҷҷати иловагӣ” ҳатмӣ набуда, шаҳрвандон метавонанд ҳар ҳуҷҷати иловагие, ки барои тасдиқи шахсияташон дуруст мешуморанд, илова кунанд.

Бо ҳамин дархости шумо барои баррасӣ қабул шуда, ҷавоби он тариқи СМС-паёмак ба телефони ишорашуда фиристода мешавад. Дар ҳолати қабул шудани дархост, РМА бо паёмак фиристода мешавад. Ҳангоми рад гардидани он бошад, дар паёмак асосҳои қабул нашудани дархост навишта мешавад ва шаҳрванд метавонад номутобиқативу хатоҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, дубора дархост фиристад.

Ҳамчунин, шахси тасдиқшудаи гувоҳнома дар бораи гирифтани РМА дар шакли PDF ба почтаи шумо ирсол мегардад. 

Нурматова Маҳина Мадумаровна,

сардори Шуъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *