Роҳбари ширкати мобилӣ ба бозпурсӣ даъват ва ҳамон рӯз боздошт шуд (аудио)

Дар Қиғизистон мақомоти интизомӣ роҳбари як ширкати мобилиро ба ҳабс гирифтаанд.

Оқилбек Жамангулов, роҳбари собиқи  ширкати мобилии «Мегаком»-и Қирғизистон то рӯзи 12-уми май ба ҳабси пешакӣ мемонад.  Қарори ҳабси Оқилбек Жамангуловро суди  ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 14-уми март содир кардааст.

Канат Ҳасанов, вакили мудофеи Жамангулов гуфтааст, ки ӯро дар асоси доду гирифти молии ду шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ боздошт кардаанд. Роҳбари ширкати мобилӣ  12-уми март ба бозпурсӣ даъват шуда, ҳамон рӯз боздошт шудааст.

Оқилбек Жамангулов наздик ба 4 сол, яъне аз моҳи октябри соли 2018 то моҳи марти соли 2021 мудири ширкати «Мегаком» буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.