Роҳи нави маркази ноҳияи Ванҷ то пайваст ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма ба истифода дода шуд

Имрӯз, 25 июн бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳи навбунёди маркази ноҳияи Ванҷ то пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма мавриди истифода қарор дода шуд.

Роҳи мазкур бо стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дарозии он 16 километрро ташкил медиҳад.

“Иншооти нав дорои ду хатти ҳаракат буда, барои беҳтар намудани хизматрасониҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати мусофиркашонӣ ва боркашонӣ аҳамияти калон дорад”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ, таъмини робитаҳои муназзами байниноҳиявию байниминтақавӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, инчунин инфрасохтори иловагӣ, аз қабили истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳҳои махсус барои пиёдагардон, равшаннамоии қитъаҳои роҳ дар маҳалҳои аҳолинишин ва корҳои сабзкорӣ, аз ҷумла шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан анҷом дода шудааст..

“Сарвари давлат масъулини соҳа ва мутахассисони мавҷударо вазифадор намуданд, ки ба нигоҳубини дурусти роҳ диққати аввалиндараҷа диҳанд, то иншооти муҳим дар тӯли солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад”,- таъкид мекунад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *