Роҳи пулакӣ «кашфиёт»-и «IRS» ва танҳо хоси Тоҷикистон нест

Тавсеаи ин раванд дар кишварҳои ҳамҷавор –Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия  ва  Белорус  шаҳодати  ин гуфта мебошад

Чанде пеш дар Ҷумҳурии Қазоқистон истифодаи   чанд роҳи  дигар низ пулакӣ шуд. Дар робита ба ин Қосимҷомарт Тоқаев — Президенти Қазоқистон гуфтааст, “Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷорӣ кардани роҳҳои пулакӣ тасмими дуруст аст. Дар чунин кишвари азим танҳо аз ҳисоби буҷет роҳ сохтан ғайриимкон мебошад. Илова бар ин, Қазоқистон бояд аз ҳисоби транзит даромад гирад.”

  Аз ин пас барои истифодаи як қисмати  роҳи Нур-Султон-Павлодар ронандагони мошинҳои сабукрав қариб як доллар бояд пардохт намоянд. Аз мошинҳои боркаш бошад, 20 баробар бештар пул ситонда мешавад.

  Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ аз соли 2013 зиёда аз 1000 километр роҳ пулакӣ буда, нигоҳдории онҳо ва ҷамъоварии маблағ ба зиммаи ширкати “КазАвтоЖол” вогузор аст.

  Дар марҳилаи аввали ҷорӣ намудани истифодаи роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон низ бисёриҳо моҳият ва манфиати ин иқдомро дуруст дарк намекарданд. Вале бо гузашти вақти на он қадар зиёд, бартариҳои ин иқдом ҳувайдо ва назари мардум ба он комилан мусбат гардид.

  Бо дарназардошти манфиатовар будани ибтикори мазкур  тасмим гирифта шудааст, ки то соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон 11, 7 ҳазор километр роҳ пулакӣ шавад. Айни замон дар роҳҳои пулакии ин кишвар 12 нуқтаи вазнченкунӣ фаъол буда, саҳми онҳо дар пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни аз меъёр зиёд, арзанда аст.

Ҳамсоякишвари мо — Ҷумҳурии Ӯзбекистон  низ ба ин масъалал бетафовут нест. Алъон истифодаи 3 роҳ ва ду тунели дар ағбаҳо воқеъбуда баъд аз пардохти маблағ имконпазир мегардад. Дар ин бора соли гузашта  Агентии иттилотии “УЗнюс” иттилоъ дода буд.

Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории бахши хусусӣ ва Давлат амалӣ шуда, беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳо ва сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ҳадафҳои асосии он маҳсуб мешаванд. Аввалин тунели пулакӣ дар ағбаи Камчиқ мавриди истифода қарор гирифта, то соли 2022 шоҳроҳҳои Сирдарё — Бахт, Тошкент — Самарқанд ва Тошкент-Андиҷон пулакӣ хоҳанд шуд.

Амалиишавии иқдоми мазкур зери назорати ҷиддии Президенти Ӯзбекистон қарор дошта, муовинони якуми вазирони молия ва нақлиёт барои сари вақт иҷро намудан муваззаф шудаанд.

Ҳамсоякишвар – Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз ин раванд дар канор набуда, чанде пеш дар парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон – Жогорку Кенеш тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба роҳҳои автомобилгард» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи «24.Кg» иттилоъ дода буд.

Муҳимият ва ҷолибияти қонуни мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки тибқи тағийиру иловаҳои воридмегардида, минбаъд дар Қирғизистон ба иҷора додани роҳҳо роиҷ мегардад. Вазири нақлиёт ва роҳҳои ин кишвар зимни шарҳи масъалаи мазкур, минҷумла, гуфта буд, ки дар навбати аввал роҳи Бишкек – Чалдовар ва дар марҳилаи дувум роҳи ноҳияи Узгени ин кишвар ба иҷора дода шуда, ин раванд минбаъд тавсеа хоҳад  ёфт.

Дар Ҷумҳурии Белорус низ истифодаи пулакии роҳҳо солиёни зиёд инҷониб ҷорӣ буда, айни замон зиёда аз 1189 километр роҳҳои ин мамлакат пулакӣ мебошанд. Ҳаракат дар қисмати аъзами шоҳроҳҳои мамлакат, аз ҷумла Минск – Витебск, Минск – Могилев, Минск – Гомел, Шучин –Гродно, Минск — Гродно (сарҳади Ҷумҳурии Полша), Минск – Ошмяны (сарҳади Ҷумҳурии Литва), Минск – Дзержинск ва ғайра танҳо баъд аз  пардохти маблағ имконпазир аст.

Лозим ба ёдоварист, ки арзиши ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Белорус вобаста ба таъсири буҳрони ҷаҳонӣ, болоравии сатҳи таваррум, зиёд шудани хароҷоти нигоҳдории роҳ тамоюли афзоишро касб намудааст.

Барои мисол, пештар ронандагон барои ҳаракат аз масири Брест то сарҳади Федератсияи Россия 12 эвро пардохт менамуданд. Чанде пештар тарофаҳо тағйир ёфта, аз ин пас ронандагон мувазаффанд, ки 24,36 эвро супоранд.

Соҳибони воситаҳои нақлиёти сабукрав дар сурати қисман пардохт нашудани арзиши ҳаракат 50 эвро ва дар ҳолати пурра пардохт накардани маблағи пешбинишуда 100 эвро ҷаримабандӣ мешаванд. Барои ин ҷурм соҳибони воситаҳои нақлиётии боркаш мутаносибан 130 ва 260 эвро ҷарима мешаванд.

Аз далелҳои овардашуда бармеояд, ки механизми институтсионалию инноватсионӣ истифодаи роҳҳо танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол набуда, дар кишварҳое, ки бо давлати мо умумияти зиёд доранд низ мавриди истифода аст.

Мувофиқи  омори расмӣ, таҷрибаи истифодаи роҳҳои пулакӣ нахустин маротиба дар Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Франсия  пайдо шудааст. Дар Аврупо айни замон роҳҳои пулакӣ хеле зиёд буда, онҳо асосан бо панҷ аломат ишора карда мешаванд: англисӣ – Motorway, немисӣ – Autobahn, франсузӣ – Autoroute, итолиёвӣ – Autostrada, испанӣ – Autopista.   Садҳо далел мавҷуда аст, ки роҳҳои пулакӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аҳамияти махсусро касб кардаанд.  Масалан, дар Туркия таҷрибаи ҷорӣ намудани роҳҳои пулакӣ ҳанӯз солҳои 70-и асри гузашта оғоз ёфта,  то ба имрӯз дар ин кишвар зиёда аз 2000 км роҳҳои пулакӣ ва ду кӯпруки бузурге мавҷуд аст, ки Осиёро ба Аврупо бо кумаки низоми толлингӣ пайваст менамоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ,  дар Ширкати идоранамоии роҳҳои автомобилии Туркия ҳоло 18 833 нафар  кор мекунанд. Дар роҳҳои пулакии ин кишвар 11 249 воситаҳои техникӣ хизмат мерасонанд.  Омӯзиш нишон дод, ки бештари шоҳроҳҳои автомобилии давлатҳои аврупоӣ пулакианд ва дар ин замина давлатҳо барои нигоҳдории чунин роҳҳо умуман маблағ харҷ намекунанд.

Дар кишвари мо таҷрибаи нигоҳдории роҳи пулакии Душанбе – Чанок натиҷаҳои назаррас ба бор оварда,   ҳолати  роҳи мазкур дар қиёс бо  дигар роҳҳои кишвар хеле  хуб аст. Бемуҳобот, нишондиҳандаҳои фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи конссесионӣ нигоҳдории онро ба зимма дорад, қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишанд.

Масалан, барои нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок  210 техникаи пуриқтидор ва механизмҳо харидорӣ шудааст, ки амсолашон дар муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои кишвар мавҷуд  нест. Ба ғайр аз ин, дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва масолеҳи сохтмонии барои нигоҳдории роҳ зарурӣ бунёд гардида, барои тавсеаи таъмиру таҷдиди роҳ мусоидат намудааст.

Илова бар ин, бо пулакӣ кардани роҳи мавриди назар   на танҳо сифати роҳҳо хуб шуданд, балки бо таъсиси ҷойҳои кори доимӣ  ба мутахассисони ватанӣ имконият фароҳам омад, ки дар кишвари худ монда, дар рушду нумӯи он саҳмгузор бошанд.

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки имрӯз бо  шарофати  фаъолияти пурмаҳсул ва шабонарӯзии кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолӣ  тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдоранд. 

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози душворгузарӣ  махсусияти зиёд дошта, табиист, ки дар чунин ҳолат бисёр ширкатҳои саҳомӣ майли сармоягузорӣ ба чунин роҳро ҷиҳати нигоҳдории он надоранд.

Агар гӯем, ки 11 соли фаъолият марҳилаи санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ, такомулу шаклгирии фаъолият, тавсеаи равобит, болоравии сатҳи маъруфият, пурқувват гардидани пойгоҳи техникӣ, саҳмгузорӣ дар ғановати Буҷети давлатӣ ва ғайра маҳсуб мешавад, муболиға нахоҳад буд. 

Ёдовар бояд шуд, ки дар давоми фаъолият, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, зиёд гардидани хароҷоти марбут ба нигоҳдории роҳ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила корҳо, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллӣ ва ҷории  садҳо  километр роҳ, роҳбарияти  “IRS” ягон маротиба тарофаҳоро боло набардоштааст. Илова бар ин, барои аҳолии шафати роҳ низоми  гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки  баробари   50 фоиз  то 93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад.

  Корҳои амалишуда далели бебаҳси онанд, ки дар тамоми ҳолат кормандони филиали ширкат уҳдадориҳои  дар асоси шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузоршударо дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварданд.

 Далер Абдулло,

 журналист

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.