Чанак

Роҳи Душанбе — Чаноқ боз аст (аудио)

Дар роҳи Душанбе — Чаноқ бориши пуршиддати барф идома дошта, шаби гузашта дар чанд қитъа, аз ҷумла километри 156 тарма фаромадааст.

Бино ба иттилои филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон, вобаста ба ҳолати мазкур фаврӣ тадбирандешӣ шуда, дар муддати бениҳоят кӯтоҳ онҳо бартараф гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло роҳ боз буда, барои гузариши фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдудияти муваққатӣ (аз 1 то 3 соат) ҷорӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *