Роҳи дур меравед, болиштак гиред!

Барои ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона шоҳроҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон қоидаҳои нав ҷорӣ кардаанд. Ҳангоми обу ҳавои номусоид ва барфу яхбандӣ дар бархе қисматҳои ин шоҳроҳ ҳаракати мошинҳои вазнине, ки ядакҳои иловагиву нимядак надоранд ва бо лавозимоет, чун симтоба (тросс), болиштаки зиддиғелиш (башмак), занҷир муҷаҳҳаз нестанд, иҷозат дода намешавад. Дар тӯли шоҳроҳ дидбонгоҳҳои БДА ташкил мешаванд, ки муҷаҳҳаз будани мошинҳо бо ин лавозимотро тафтиш мекунанд.

Маркази матбуоти ширкати IRS шаби 2 январ хабар дод, ки бар асоси фармоиши нави вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти Тоҷикистон «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе- Чаноқ” ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад дар масири роҳи автомобилгарди «Душанбе- Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, аз деҳаи «Ҳушёрӣ»- и ноҳияи Варзоб (км 44) то деҳаи «Такфон»- и ноҳияи Айнӣ (км 95) ва аз км 136 ноҳияи Айнӣ то км 181 ноҳияи Шаҳристон танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 т буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешавад.
Ҳамчунин аз ин ба баъд ҳангоми вазнин гардидани шароити ташкили ҳаракат дар роҳ, реҷаи махсуси ҳаракати воситаҳои нақлиёт — рўзҳои тоқи моҳ аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва рўзҳои ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд ба роҳ монда мешавад.

Барои назорати иҷрои ин дар километри 100-уми роҳи Душанбе – Чаноқ аз ҳисоби кормандони ШБДА РВК дар шаҳри Душанбе, дар километри 44 ва 62-юм аз ҳисоби кормандони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШВКД дар ноҳияи Варзобдидбонгоҳҳои муваққатӣ ва аз километри 62 то км 72-юм аз ҳисоби кормандони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар километри 82-юм (мавзеъи «Зимарғ»-и ноҳияи Айнӣ) ва дар километри 100 (деҳаи «Такфон»- и ноҳияи Айнӣ) аз ҳисоби ҳайати шахсии ШБДА РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар дар ноҳияи Айнӣ, дар километри 136 аз ҳисоби кормандони ШВКД дар ноҳияи Айнӣ, дар километри 181 (Нуқтаи вазнченкунии филиали Ширкат) аз ҳисоби ҳайати шахсии ШБДА РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар ноҳияи Шаҳристон патрули автомобилӣ ташкил мешавад.

Дар ин дидбонгоҳҳо ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз он ҷумла ба лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будани онҳо назорат хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *