Роҳи Хуҷанд боз шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ  дубора имконпазир шуд. Ин роҳ субҳи 5-уми феврал дар пайи барфрезии шадид баста шуда буд.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 5-уми феврал гуфт,ки  ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд, аммо ҳоло танҳо ба худравҳое, ки аз Хуҷанд ба пойтахт меоянд, иҷозаи убури роҳ дода мешавад. Ба қавли сухангӯи IRS, талош доранд бо даст додани имконият ҳаракат аз ҷониби Душанбе ба вилояти Суғд низ боз шавад. Масъулини ширкати IRS мегӯянд, хатари фаромадани тарма ҳамчунон боқист ва танҳо имрӯз беш аз 50 тармаро тоза кардаанд. Дар ду ҳафтаи ахир ин бори дуюм аст, ки роҳи Душанбе-Чаноқ баста мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *