РОДМАРДЕ АЗ ХАТЛОНЗАМИН

Шарифҷон Зарипов кам касест, ки ин ном барояш шинос набошад. Хусусан барои онҳое, ки дар ҳифзи амнияти Тоҷикистон қарор доранд. Ӯ сӣ соли умри пурбаракати худро дар вазнинтарин давраҳо дар ин мақомот сипарӣ кардааст.

Ӯ зодаи як гӯшаи аз родмардони ҳосилхези Хатлонзамин (1940) аст. Пас аз хатми мактаби ҳафтсола (1955) ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил мешавад. Соли 1959 ба хизмати Модар-Ватан даъват мешавад ва дар неруҳои сарҳадии КБД СССР хизмати аскариро бо сари баланд адо менамояд. Инструктор-кинолог ин буд нахусттахассуси Шарифҷон Зарипов. Ӯ соли 1967 Институти давлатии педагогии Кӯлобро бо ихтисоси забону адабиёти рус бо дипломи сурх хатм намудааст. Пас аз он курсҳои олии КБД-и шӯравӣ дар шаҳри Минскро гузашта, аз соли 1968 фаъолияташро дар самти кори оперативӣ — ҷустуҷӯии мақомоти амният оғоз мекунад.

Охири солҳои 60-уми асри гузашта вазъ дар сарҳадоти байни Тоҷикистон ва  ҳамсоякишварҳо на он қадар хуб буд, бо ҳамин сабаб Зарипов барои бартараф кардани хавфҳои ҷойдошта, нагузоштани ячейкаҳои зиддиҷамъиятиву тахрибкорӣ, ки ба таъмини сохти конститутсионӣ хатар меорад, ба ВМКБ фиристода мешавад ва дар он ҷо мудири шуъбача оид ба ҳимояи сохти конститутсионӣ  таъин гардида, ифои вазифа менамояд. Зимни фаъолият дар Бадахшон Шарифҷон Зарипов бисёр корҳои шоистаро баҳри таъмини амнияти кишвар ва бехатарии сарҳадот ба анҷом расонидааст ва соҳиби сипосномаҳои КБД-и Иттиҳоди Шӯравӣ гардидааст.

Ин марди наҷиб соли 1976 ҳамчун корманди калони фаврӣ — ҷустуҷӯӣ дар Раёсати мақомоти амнияти вилояти Кӯлоб ба кор сафарбар мешавад. Солҳои 80-уми асри ХХ сафарҳои ғайрирасмии ӯ ба Афғонистон ба хотири дифоъ аз марзу буми СССР зиёд буданд. Он вақт дар Афғонистон 7 ҳизбу ҳаракати исломӣ ба фаъолият шурӯъ карда буданд, ки хатар дар сарҳад доштанд. Шарифҷон Зарипов дар амалиётҳои ҷангии муттаҳида дар дохили Афғонистон, аз ҷумла дар ҳудуди Янги-Қалъа, Дашти Қалъа, Чаёба, Имом-Соҳиб ва Дарқад, ки муҷоҳидон мавқеъ гирифта буданд, баҳри саркӯб намудани мухолифин саҳми арзанда гузоштааст. Барои иҷрои муваффақонаи супоришҳои фармондеҳӣ Шарифҷон Зарипов бо медали “Аз халқи шарафманди афғон” мукофотонида шудааст.

Генерал — майор Ҳамроқулов Худойқул, ки он замон бо Зарипов дар як раёсат фаъолият мекард, чунин мегӯяд: “-Шарифҷон афсаре буд, ки барои ҳимояи хоки кишвари худ,  дар амалиётҳои кишвари ҳамсоя иштирок менамуд, то ки хатар ба Тоҷикистон эҷод нагардад. Ӯ дар фаъолияти кориаш хизматҳои шоён ва бемислу монандро кардааст, ки на ҳар афсари он замона карда метавонист. Ҷавони нуктасанҷ, маслиҳатдеҳ, поквиҷдон ва содиқ ба кори худ буд.

Ш. Зарипов дар қатори роҳбарияти имрӯзаи Кумитаи амният яке аз поягузорони мубориза алайҳи ифротгароии исломӣ мебошад. Ӯ ба хотири амнияти кишвар амалиётҳоеро гузаронид, ки боиси таҳсину офарин аст. Мубаллиғони дурӯғини исломиро, ки мехостанд Тоҷикистонро оғуштаи хун созанд, даст ба тасарруфи замин, қочоқи маводи мухаддир ва амалҳои дигаре мезаданд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти кишварро халалдор мекарданд, ошкор намудаанд. Амалиёте, ки онҳо дар миқёси шӯравӣ гузарониданд, пурсару садо буд.

Охири солҳои 70-уми асри гузашта Ш. Зарипов ҳини адои хизмат дар яке аз шуъбаҳои мақомоти амнияти кишвар дар таҳияи филми ҳуҷҷатии “Подоши хиёнат” бевосита иштирок кардааст. Филми мазкур ба ҳаёт ва ва фаъолияти тоҷиконе, ки дар давраи ҶБВ асир афтода, берун аз марзи Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, бахшида шудааст ва ин филм аҳамияти бузурги тарбиявӣ дошт.

Мавсуф аз соли 1981 то соли 1990 ба ҳайси корманди калони фаврӣ — ҷустуҷӯӣ дар шуъбаи идеологии КБД РСС Тоҷикистон ифои вазифа кардааст ва соли 1990 бо рутбаи подполковник ба нафақа баромад. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва зарурати омодасозии кормандони касбӣ Шарифҷон Зарипов соли 1992 барои хизмат ба Вазорати бехатарии ҷумҳурӣ ба ҳайси сардори яке аз шуъбаҳо даъват мегардад. Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1997-1999 ба ҳайси мудири шуъбаи мудофиа, бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори шуъба оид ба алоқа бо мамолики ИДМ-и Кумитаи оид ба мудофиаи саноати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфтааст.

Шарифҷон Зарипов ба бисёр кормандони мақомоти амният ҳаққи устодӣ дорад ва онон аз мактаби Зарипов гузаштаанду сабақ гирифтаанд.

Мавсуф бо хизмати софдилона, касбият, қобилияти баланди чекистӣ, маданияти волои муошират ва ҷавонмардӣ миёни ҳамкорону шогирдон ном бароварда, дар таъмини бехатарию осоиштагии Ватани азизамон саҳми беназир гузоштааст.

Имрӯз ин шахсияти бомаърифат, хоксор, донишманд, поктинат, нексиришт, хайрхоҳ ва дастгири ҷавонон ҷашни милод дорад ва 80-солагии хешро дар ҳалқаи пайвандону дӯстон ҷашн мегирад. Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шарифҷон Зариповро бо ин рӯзи фархунда табрик мегӯяд.

Бахтовар Сафаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *