Ронандаи “Олуча Таксӣ” аввал банг зад баъд бо мошинаш одамро
Сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод, ки рӯзи 2-юми июн, тахминан соати 05:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аксент», Аминов Парвиз Рустамбекович, соли таваллудаш 1989, ронандаи ҶДММ «Олуча Таксӣ» дар рӯ ба рӯи бинои Масҷиди ҷомеъи «Ал-Бухорӣ», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давлатова Гулистон, соли таввалудаш 1972, сокини пойтахтро пахш намуд.
Гуфта мешавад, ки ронанда Аминов Парвиз Рустамбекович мувофиқи санади наркологии Маркази ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ аз маводи нашъадори навъи гурӯҳи бангдонаҳо қарор доштааст, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Д.Халқҳо, аз самти кӯчаи Шоҳтемур ба самти кӯчаи Н.Муҳаммадӣ, дар рӯ ба рӯи бинои Масҷиди ҷомеъи «Ал-Бухорӣ», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давлатова Гулистон, соли таввалудаш 1972, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ