Тафсилоти марги модар аз дасти писар

Қуртуқашро ягон се ё сеюним дақиқа ҷуқидам, баъд ҳуяш кардам

ВКД Тоҷикистон дар як гузориши видеоӣ бархе тафсилоти куштори модар аз сӯи фарзандаш дар ноҳияи Шаҳринавро нашр кард.
Санаи 28 май, тахминан соати 18 дар кӯчаи ба номи Чӯтак Уразови шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав ҷинояти даҳшатовар, яъне қатли бераҳмонаи модар аз сӯи фарзандаш ошкор шуд.
Азимов Шаҳзод Қарабоевич, с.т. 1999, муқаддастарин нафареро, ки умри худро сарфи тарбияи ӯ карда буд, аз ҳаёт маҳрум сохт.Марҳум Абдувоҳидова Самсамоҳ Абдусаломовна, с.т. 1968, ба гуфтаи муаллиф, ҳеҷ гоҳ аз фикраш намегузашт, ки як рӯз аз дасти фарзанди худ кушта мешавад.
Ин куштор дар заминаи муноқишаи оилавӣ рух дода, Азимов Шаҳзод, ба гуфтаи тафтишот, модарашро барои онки мухолифи издивоҷти ӯ бо маъшуқааш буд, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст.
Аммо худи Шаҳзод Азимов дар ин гузориш мегӯяд: “Вақте маро зад, ман “оча, бас кун!” гуфтам. Боз маро заду гуфт, ман туро ба милиса месупорам. Ҳақоратам кард. Баъд аз пушташ тоб хӯрдаму аз гарданаш ҷуқидам, ки маро тела кард. Ман омада, дар труба задам ва дар ҳаминҷо дукаса ғалтидем. Қуртуқашро ягон се ё сеюним дақиқа ҷуқидам, баъд ҳуяш кардам.”
Ӯ сипас модарашро дар рӯи кат хобонда, аз хона мебарояд ва ба шаҳр меравад. Шаҳзод дар гузориши ВКД гуфт, вақте баргашт, модараш алакай шох шуда буд, вале барои онки мурдани ӯро аз вай гумон набаранд, ҳамсояро даъват карда, модарашро ба беморхона бурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *