Роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барандагони Ҷоизаи байналмилалии сулҳи Лев Толстой
21 декабр дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой дар соли 2025 ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон супорида шуд.

“Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи мо бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд”, навиштааст Хадамоти матбуотии Президент.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи байналмилалии сулҳи Толстой расман 22-юми июни соли 2022 таъсис дода шудааст. Он аз ҷониби Ҷамъияти таърихии Русия, Бунёди сулҳи Русия ва Ҷамъияти таърихи низомии Русия ташкил шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ