Рушди мотосиклронӣ дар Тоҷикистон бе Федератсия

Бача будему баҳорон дар талу теппа ва фарозу нишебиҳои берун аз шаҳрамон мусобиқаи мотокросс (мотосиклронӣ) баргузор мешуд. Хурду калон аз маҳорату диловарии мотосиклронҳо ба ваҷд меомадем. Бахусус, вақте ки мотосиклронҳо дар ҳамворӣ суръати ҳаракати нақлиёташонро тезонда, аз фароз 10-15 метр парида, ба пастхамӣ меҷаҳиданд, ғиреву шодии мухлисон баланд мешуд. «Ана Толика бин чӣ тавр баланд парид!», «Коля ҳам бало, мотосиклро чунон меронад-ки!», «Равили татар ҳам нотарс будааст», «Қандаша занад Ганси немис, бо мотосикли калонсилиндр пеш аз ҳама ба марра расид-е!». Ин нидоҳои пур аз таърифу тавсиф гувоҳӣ медоданд, ки дар мотосиклронӣ ягон намояндаи тоҷикон нест. Русу русзабонҳои шаҳр варзиши мотосиклрониро пурра аз худ карда буданд. Тавре ба назар мерасид, киг ӯё мардуми таҳҷоӣ аз кобилияту истеъдоди иштирок дар пойгаи мотосиклҳоро умуман надоранд.
Боиси хушнудист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ин тасаввуроти барғалатро худи тоҷикону дигар мардуми таҳҷоӣ лағв карданд. Аслан, мотосиклронӣ ҳамчун намуди варзиши техникӣ дар сохторҳои републикавӣ, вилоятию шаҳрӣ ва ноҳиявии ДОСААФ (имрӯз Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ – ТҶММ ҶТ) ба роҳ монда шуда буд. Ҷавонони синну соли даъватӣ дар ин ташкилот рондани мошинҳо ва мотосиклҳои гуногунтамғаро омӯхта, барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ омода мешуданд.
Соҳибистиқлолии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои ҷавонон имконоти хуби омӯзиши варзиши мотосиклрониро фароҳам овард. Дар ин, пеш аз ҳама, саҳми раисони Кумитаи Марказии ТҶММ генерал-майор Тоҳир Сафаров, генерал-лейтенант Саиданвар Камолов ва муовини раис генерал-майор Сафаралӣ Раҷабов назаррас буд. Худи Сафаралӣ Раҷабов аз аввалин тоҷике ба ҳисоб меравад, ки дар варзиши мотосиклронӣ борҳо шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва баъдҳо беруназҷумҳуриявӣ ҳифз намуда, пирӯзиҳо ба даст овардааст. ТҶММ дар давоми сол борҳо мусобиқаҳои пойгаи мотосиклҳои варзиширо доир карда, ба рушду инкишофи он дар ҷумҳурӣ мусоидат мекард. Пас аз раиси КМ ТҶММ таъин гардидани генерал-майор Файзалӣ Лангаризода бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди мотосиклронӣ дар кишвар бештар диққати ҷиддӣ дода мешавад.
— Дар ҷумҳуриамон ин намуди шавқангези варзишро варзиши ҷасорату мардонагӣ низ ном мебаранд, — мегӯяд сухангӯйи ТҶММ Абдуқодир Рақибов. — Ҳамасола дар машқгоҳҳои ТҶММ, ки дар шаҳрҳои Леваканду Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгиранд, мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявии пойгаи мотосиклронӣ барпо карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки баргузории чорабиниҳои варзишӣ ба таври ҳармоҳа ба роҳ монда шуда, комёбиҳо ва натиҷаҳои варзишӣ бештар муяссар мегарданд. Таъмин намудани клубҳои варзишӣ бо лавозимоти варзишӣ беҳтар шуда, шумораи зиёди наврасон ба намудҳои варзиши тирандозӣ, авиатсионӣ, авиамоделизм, картингронӣ, мотосиклронӣ ва ғайра фаро гирифта шуданд.
Варзишгарони Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Олим Раҷабов ва Дилшод Раҷабов бо давъати Федератсияи миллии варзиши автомобилию мотосиклронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мусобиқаи байналмилалии пойгаи мотосиклронӣ, ки дар шаҳри Теҳрон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи мотосиклронҳои Осиё баргузор шуд, ширкат намуданд. Иштироки онҳо дар ин чорабинии варзишии байналхалқӣ дар ду даҳсолаи охир бори нахуст сурат гирифта, гувоҳи ба арсаҳои баланди ҷаҳонӣ роҳ ёфтани варзишгарони мотосиклронии Тоҷикистон ба шумор меравад. Чанд сол муқаддам ТҶММ мотосиклҳои замонавиро дастрас намуда истодааст, ки истеҳсоли ширкатҳои маъруфи «Хонда», «Судзуки» ва «Ямаха» мебошанд. Ҳамчунин, Мактаби автомобили Ёвон ва Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода ва Клуби вилоятии варзиши техникии вилояти Хатлон низ мотосиклҳои замонавӣ хариданд. Ин тадбирот сол то сол ба афзоиши шумораи дастаҳои мотосиклронӣ боис мешвад.
Мотосиклронӣ ҳамчун навъи ҳарбӣ – амалии варзиш аз варзишгар малакаи баланди рондан, суръатнокӣ ва чолокӣ дар идоракунии онро тақозо дорад. Моҳияти асосии ин навъи варзиш бедор намудани шавқу завқи наврасону ҷавонон ба техника ва рондани воситаҳои техникии калонҷаҳм омода намудани онҳо мебошад. Тибқи қоида ва низомномаи баргузории мусобиқаҳои пойгаи мотосиклронӣ нахуст даври санҷишӣ сурат мегирд. Варзишгарони то синни 18-сола дар мотосиклҳои иқтидораш 125 см3 ва варзишгарони аз синни 18-сола боло дар мотосиклҳои иқтидорашон 250 см3, 350 см3 ва 500 см3 ҳунару маҳорати варзишӣ нишон медиҳанд. Тибқи Низомнома ҳар як даври баҳисобгирӣ барои ҷавонон 15 дақиқа ва барои калонсолон 20 дақиқа муайян мегардад.
Мусобиқаи ҷумҳуриявии пойгаи мотосиклронӣ, ки 1 декабри соли равон баргузор гардид, беҳтаринҳои ин намуди варзиши техникиро аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Леваканд, Турсунзода, ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ дар мотодроми Меҳрободи ноҳияи Ҳисор ба ҳам овард.
Дар расми тантанавии кушодашавии мусобиқа муовини аввали раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ТМҶММ) полковник Ҷӯрахон Собирзода таъкид дошт, ки бо дастгирии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ варзиши мотосиклронӣ дар замони соҳибистиқлолӣ рушду пешрафти назаррас касб намудааст.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявии пойгаи мотосиклронӣ аз рӯи хулосаи ҳакамон ғолибон аз рӯи ҳисоби умумидаставӣ ва шахсӣ эълон шуд ва онҳо бо ҷом, диплому медал ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ гардиданд. Мақоми аввалро дастаи мотосиклронҳои шаҳри Душанбе, мақоми дуюмро дастаи шаҳри Турсунзода ва мақоми сеюмро дастаи шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соҳиб гардиданд.
Хостем дар бораи варзиши мотосиклронии тоҷикон маълумоти бештар пайдо намоем, вале маълум шуд, ки дар кишварамон ҳанӯз Федератсияи мотосиклронӣ таъси дода нашудааст. Боре Устоди варзиши СССР Сафаралӣ Раҷабов ҳангоми дар маснади муовини раиси КМ ТҶММ буданаш иқдоме карда будааст, вале дастгирӣ наёфт…
Э. НАЗАРОВ,
«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *