Русия дар пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон беш аз 20 иншоот месозад

Мақомоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон эълон карданд, ки то соли 2023 дар ин ҷо беш аз 20 адад иншооти маишию фарҳангӣ бунёд хоҳанд кард.

Полковник Сергей Горячев, фармондеҳи ин пойгоҳи низомӣ ба хабарнигорони рус гуфтааст, дар пойгоҳ биноҳои манзилӣ ба мисли хобгоҳи умумӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва мактаб сохта мешаванд.

Вай гуфтааст: “Бар асоси нақша дар шаҳраки низомии шаҳри Душанбе 22 иншоот, аз ҷумла, 7 бинои манзилӣ (ҳар кадоме бо 85 утоқ), маркази фарҳангию фароғатӣ бо 600 ҷойи нишаст, мактаб барои 950 хонанда ва боғчаи кӯдакон барои 200 нафар бунёд хоҳад шуд”.

Полковник Сергей Горячев таъкид кардааст, ки феълан дар пойгоҳи низомӣ казарма барои 500 нафар, ошхона барои 1140 нафар ва зеристгоҳи барқӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доштааст.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб шуда ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Тибқи Созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия, ки дар моҳи октябри соли 2012 имзо шуда буд, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 фаъолият хоҳад кард.

Иҷора барои ин пойгоҳ солиёна… 1 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *