Рустам Ғаниев: 70% -и донишҷӯёни филиал дар гурӯҳҳои буҷавӣ мехонанд
70 фоизи донишҷӯён дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори филиали мазкур Рустам Ғаниев хабар дод.
Номбурда иброз дошт, ки 90 фоизи хатмкардаҳои филиал бо кор таъмин мешаванд.
«Соли 2024 аз 113 хатмкардаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 89 нафари онҳо бо ҷойи кор таъмин гардида, 13 нафар ба магистратура дохил шуданд»,-гуфт Рустам Ғаниев.
Таъкид шуд, ки дар филиали донишгоҳ барои ҳимояи рисолаи номзадӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 40 000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст. Ба гуфтаи Рустам Ғаниев, масъалаи баланд бардоштани иқтидори илмӣ самти муҳими фаъолияти филиал мебошад.
Ҳамчунин, филиал бо зиёда аз 40 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома ба имзо расонидааст. Тибқи амали ин созишномаҳо, дар филиал мунтазам барномаҳои мубодилаи кормандону омӯзгорон, иштирок дар мактабҳои тобистона ва таҳқиқоти илмӣ-амалии муштарак гузаронида мешаванд. Соли 2024 бошад, филиал 6 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ