Рустами Эмомалӣ кумаки Чинро қабул кард (10 акс)

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони Сафорати Чин дар Тоҷикистон дар рӯнамоии техникаи коммуналии ба шаҳри Душанбе воридшуда иштирок намуданд.

Ба раиси шаҳр зимни рӯнамоӣ 155 автобуси мусофирбари гуногунҳаҷм, 52 автомошинаи борбарӣ, 48 автомашинаи махсуси партовкашонӣ, 40 мошини обпошӣ, 22 мошини хурди боркашии дуқатора, 20 автомошинаи сӯхторхомӯшкунӣ, 1 грейдер, 18 каток, 7 автокран, 15 эвакуатор, 1 таҷҳизоти тақсимкунандаи қир, автомашинаҳои қубуртозакунӣ, инчунин, техникаҳои махсусгардонидашуда, аз қабили 7 адад барои ташхису таъмири қубурҳои оби гармӣ, 1 адад маркази идораи техникаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, 4 автомошинаи ёрии таъҷилӣ, 1 барои интиқоли гипохлориди натрий ва ғайра муаррифӣ карда шуданд.

“Дар доираи ҳамкориҳо соли 2021 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷумҳури Ҳалқии Хитой созишнома оид ба кумаки техникии бебозгашт ва ворид намудани 466 воситаҳои нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркашӣ ба мувофиқа расонид. Дар 16 марҳила то имрӯз 413 адад техиника вориди пойтахт гардид ва 53 адади дигар онҳо дар ҷараёни воридшавӣ қарор доранд”- иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *