Рустами Эмомалӣ дар Қазоқистон. Аз тақвияти ҳамкорӣ то қадрдонӣ бо мукофоти давлатӣ
Рӯзҳои 26-27-уми августи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошт. Дар доираи ин сафар Раиси шаҳри Душанбе бо роҳбарони баландмақоми Қазоқистон мулоқот анҷом дода, бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуд.
Истиқбол дар фурудгоҳ
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев, Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Сипас, бо нишони эҳтиром ба таъриху ваҳдати мардуми Қазоқистон, Рустами Эмомалӣ дар маҷмааи «Муҳофизони Ватан» гулчанбар гузошт.
Мулоқотҳо дар сатҳи баланд
Дар ҷараёни сафари расмӣ як қатор мулоқотҳои муҳими сатҳи олӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, бо Маулен Ашимбаев, Раиси Сенати Парламент, ки дар он робитаҳои байнипарламентӣ ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Бо Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон, ки дар оғоз Рустами Эмомалӣ паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро расонид. Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро муҳокима карданд.
Бо Ерлан Кошанов, Раиси Маҷлиси Парламент дар бораи дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бо Женис Касимбек, Ҳокими шаҳри Остона, ки ҳамкориҳои бародаршаҳрии Душанбе ва Остона дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт.

Қадрдонӣ бо мукофоти давлатӣ
Дар қасри «Акорда» маросими ботантанаи сарфарозгардонии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Ордени Дӯстӣ (дараҷаи 2) баргузор шуд. Ин мукофотро Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев шахсан супорид. Ӯ саҳми арзандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек таъкид намуд.


Боздид аз Астана Ҳаб
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ аз Астана Ҳаб – бузургтарин технопарки байналмилалии стартапҳои IT дар Осиёи Марказӣ боздид ба амал овард. Ин марказ соли 2018 таъсис ёфта, ба рушди ширкатҳои инноватсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муосири технологӣ равона шудааст.
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон марҳалаи нави густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва стратегӣ миёни ду кишвари дӯсту бародар арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ