Рузноманигорон назди ман наоед!

Раиси ноҳияи Шаҳритӯс хитоб ба хабарнигорони ТВ «Хатлон” гуфтааст, ягон рӯзноманигори хатлониро дар ноҳияаш дидан намехоҳад. Чунин бархӯрди Рамазон Оймаҳмадзода дар пайи силсила мақолаҳои танқидиест, ки дар матбуоти маҳаллӣ дар бораи Шаҳритӯс ва кори ҳукумати ин ноҳия чоп шуданд.

Оймаҳмадзода Рамазон: Рӯзноманигорони ТВ Хатлон ва ягон расонаи Хатлон барои ман лозим нест

Барои тахияи барномаи «Сайри Хатлон»-и телевизиони вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритӯс сафар кардем. Хостем аз маконхои таърихиву сайёхии ин ноҳия барнома омода намоем. Чун рамзи эҳтиром ибтидо хостем ба дидори раиси тозаинтихоби ин ноҳия Рамазон Оймаҳмадзода, ки 31 майи соли равон ба ҳайси рохбар таъин шуда буд, мушарраф гардем.

Ҳангоми ба утоқи кории Оймаҳмадзода Рамазон ворид шудан мақсади худро фаҳмондем. Намедонам бо кадом сабабҳо, ки раис асабонӣ шуда, бо ғазаб хитоб ба тарафи мо гуфт: «Барои ман намояндагони ТВ-Хатлон тамоман лозим нест, барои мо танҳо шабакаи «Тоҷикистон» лозим асту халос, равед аз ин ҷо ва дигар ягон рӯзноманигори хатлонӣ ба ноҳияи мо наояд.»

Бояд гуфт, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар ба ҳисоб рафта ҳамсарҳад бо ҷумҳуриҳои Узбекистону Афғонистон Ҳинду Чин аст. Дар ноҳияҳои назди сарҳадии Носири Хусрав, Шаҳритӯс ва Қубодиён қисмати зиёди аҳолӣ узбекзабон буда, бахши аъзамаш ҳатто ба забони давлатӣ сухан гуфта наметавонанду асосан телевизионҳои давлатҳои ҳамсояро тамошо мекунанд. Инро раиси ноҳия ба хубӣ медонад, вале ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як мансабдори баландпоя аз расонаҳои вилоят, ки аз ҳаёту пешрафти соҳоти мухталифи он ноҳияҳо маводҳо таҳия менамоянд, рӯ мегардонанд. Ҳоло он ки ӯ ҳамчун раиси ноҳия вазифадор аст, ки ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ дар ҳудуди ин ноҳияи марзӣ чораҳои заруриро роҳандози намояд. Дар ҳоле, ки қисмати зиёди ҷавонони ин ноҳия ба гуруҳҳои ифроти пайвастаанд ва ноҳия низ яке аз ноҳияҳои осебпазири вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Ба ростӣ, ин бори аввал нест ки раиси ноҳияи Шаҳритӯс нисбати рӯзноманигорон беэҳтиромӣ мекунад. Рӯзи 31-уми июли соли равон тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи ҳукумати вилояти Хатлон бояд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳияи Шаҳритӯс нишасти матбуотӣ доир мегардиду ӯ ҳамчуни раиси ноҳия дар бораи фаъолият ва пешрафту тараққиёти ноҳия ба рузноманигорон ҳисобот медод. Муттаассифона ҳангоме, ки рӯзноманигорон ба ин ноҳия ташриф оварданд, масъулони мақомот ҳатто огоҳ набуданд, ки соати 11-и имрӯз дар ноҳия бо иштироки раиси ноҳия нишасти матбуотӣ бояд доир гардад. Баъди ним соати интизорӣ муовини раиси ноҳия Махмадсолех Баротов нишасти матбуотиро гузаронида гуфт, ки «раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазонро ташвишҳояш зиёд аст ва меҳмон дорад, наметавонад дар нишасти матбуотӣ иштирок намояд. Ва мо ҳатто аз баргузории нишаст фаромӯш кардаем.»

Чунин аст посух ба боварии роҳбарияти ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯро дар ин ноҳия раис таъйин кардаанд? Ин амали ӯ боиси риоя нашудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон шуд, ки бар асоси он бояд ҳамаи роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҳар 6 моҳ ба намояндагони матбуот оиди фаолияти худ ва камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот пешниҳод намоянд.

Дар ҳоле ки раиси ноҳия ба намояндагони матбуот чунин муносибат дорад, пас бо мардуми оддӣ чӣ гуна забон меёбад?

Раҳмони Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *