СҶТ: 25% мардуми Афғонистон нос мекашанд
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо нашри як гузориш гуфтааст, ки 25 дарсади мардум, аксаран ҷавонону занони Афғонистон тамоку истеъмол мекунанд. Бар асоси ин гузориш, аз ҳар чор нафар як нафар дар Афғонистон тамоку истеъмол мекунад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку ин гузоришро нашр карда, аз ҷомеа хостааст, ки бо ҳам муттаҳид шуда, ба зидди ин падидаи хатарнок мубориза баранд.
Эдвин Сниза Салвадор, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Афғонистон гуфтааст, ки зарари тамокуро дар “пушти дурӯғҳои ширин” пинҳон мекунанд ва афзоиши истеъмоли он дар миёни ҷавонписарони Афғонистон боиси нигаронӣ аст.
“Фурсати он фаро расидааст, ки ин раванд қатъ шавад ва наслҳои оянда ҳифз шаванд”,- гуфтааст Эдвин Сниза Салвадор.
Ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ навъи маъмултарини тамоку дар Афғонистон “нос” буда, ҳатто аз сӯйи бархе занон ҳам истифода мешавад.
Қаблан ҳам Вазорати тандурустии Афғонистон гуфта буд, ки 27 фоизи мардуми Афғонистон нос истеъмол мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ