Сӯиқасд ба ҷони Маҳмуд Аҳмадинажод рад шуд

Дафтари Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон овозаҳои паҳншуда дар бораи сӯиқасд ба ҷони ӯро рад намуд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, дар баёнияи дафтари Аҳмадинажод зикр шудааст:
«Овозаи матраҳшуда дар фазои маҷозӣ дар бораи Маҳмуди Аҳмадинажод сиҳат надорад ва кизби маҳз аст».

Қаблан дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ паҳн гардид, ки гӯё ба ҷони раиси ҷумҳури собиқ дар шаҳри Теҳрон сӯиқасд сурат гирифтааст. Аммо манобеи расмӣ ин хабарро беасос арзёбӣ кардаанд.

Маҳмуд Аҳмадинажод аз соли 2005 то соли 2013 ду давра раиси ҷумҳури Эрон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *