Садҳо нафар писарони НТМ ба майдони футбол баромаданд
Дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бозиҳои ҷолиби мусобиқаи «МегаФон Life ҳамқадами футбол», ки аз ҷониби ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил гардид, гузаронида шуданд. Садҳо нафар варзишгарони наврас дар майдонҳои Файзобод, Ҳисор ва Шахринав, ҷамъ омада, истеъдод ва иродаи худро баҳри галаба нишон доданд.
Бозиҳои мусобиқаи байни бачагон дар ҳамаи шаҳрҳои калони кишвар баргузор мегарданд. Танхо дар НТМ зиёда аз 1000 нафар футболбозони навраси аз 8 то 12-сола дар ин лоиҳаи васеъмиқёс иштирок намуданд. Қариб барои ҳамаи онҳо ин рӯйдоди махсус дар ҳаёт аст, чунки пештар онҳо танҳо дар мактаб ё бо дӯстон дар кӯча имкони зарба задани тӯбро доштанд ва ҳоло бошад маҳорату малакаи худро дар майдони касбӣ ва дар назди тамошобинони зиёд нишон дода метавонанд.






«Ин мусобиқа – як орзуи воқеист! Ман ҳеҷ гоҳ дар бозии чунин сатҳ иштирок накардаам. Умедворам, ки дар оянда метавонам дар футбол ба комёбиҳои бузург ноил шавам, »- таассуроти худро иброз дошт бозингари 12-сола Илёс Давлатов.
«Мо итминон дорем, ки дастгирии истеъдодҳои ҷавон гарави муваффақияти ояндаи футболи тоҷик аст. Кӯдакон бояд на танҳо бо варзиш машғул шаванд, балки пайваста инкишоф ёбанд, аз ҷумла бо рақибони пурқуввати дигар шаҳрҳо рақобат намоянд. Мусобиқа барои бачаҳо як қадами нав буда, ба онҳо кӯмак мекунад, ки ба худ бовар кунанд ва шояд орзуи пирӯзиро дар футболи касбӣ дошта бошанд», – гуфт Далер Наимов, директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва НТМ.
Дар танаффуси байни бозиҳо кӯдакон ва калонсолон тавонистанд дар бораи технологияҳои муфиди рақамӣ, масалан, дар бораи истифодаи замимаи мобилии «МегаФон Life» ҳангоми ҳалли вазифаҳои ҳаррӯза, маълумот гиранд. Дар майдонҳо оператор ҳавасу руҳияи футболро пайваста фароҳам меовард. Чунончи, дар он ҷо машғулиятҳои омӯзишӣ доир гардиданд, ки футболбозони номдор тавонистанд оид ба таҷрибаи худ ба варзишгарони навраси ноҳияҳои Ҳисору Файзобод нақл кунанд.
“Футбол як бозии махсус аст. Кӯдакон дар як даста кор кардан ва ташаккул додани руҳияи даставиро меомӯзанд. Аз ин рӯ, беҳтарин иштирокчиёни мусобиқа соҳиби ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ мегарданд. Бачаҳо мефаҳманд, ки муваффақияти шахсӣ ва муваффақияти кулли даста дар дасти худи онҳост. “Ин чизи асосиест, ки дар мусобиқа ба даст меояд”, – афзуд директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Сокиев.
Санаи баргузории мусобиқа ба Рӯзи умумиҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ бо ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ эълон шудааст, рост меояд.
Шарики бозиҳо дар ҷумҳурӣ ҶСП «Яхмоси 33» мебошад. Дар рӯзи ниҳоии бозиҳо дар Хатлон ширкат барои варзишгарони наврас ва меҳмонони мусобиқа сюрпризи ширин – яхмоси болаззат омода кард. Ин туҳфа воқеан кӯдаконро шод кард ва ба мусобиқа боз ҳам гармиву самимият зам намуд.
Мо интизори бозиҳои навбатии мусобиқаи «МегаФон Life ҳамқадами футбол» дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва ВМКБ ҳастем!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ