Садҳо парвози ҳавопаймо дар Русия ба таъхир афтод
6-уми июл дар пайи ҳамлаи дронҳо (паҳподҳо) аз қаламрави Украина ба Русия, наздик ба 400 парвоз дар фурудгоҳҳои “Шереметево” ва “Пулково” (шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург) ва “Чкалов” (Нижний Новгород) лағв ё ба таъхир афтоданд.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Русия, сабаби ин таъхирҳо ҳамлаи ҳавоии дронҳо будааст. Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар ин рӯз 48 паҳподро нобуд кардааст.
Дар пайи ин вазъ, ҳазорон мусофир маҷбур шудаанд аз роҳи оҳан истифода кунанд. Аммо ба навиштаи расонаҳои Русия, чиптаҳои қатора миёни Санкт-Петербург ва Москва камёфт шудаанд.
Нашрияи “Коммерсант” хабар додааст, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ бинобар сабаби ин вазъ то 20 миллиард рубл зарари молӣ бинанд.
Дар таблоҳои Фурудгоҳи Душанбе ҳам субҳи 7-уми июл нишон дода шудааст, ки се парвоз аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба пойтахти Тоҷикистон ба таъхир афтодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ