Садир Жапаровро дар фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт
Имрӯз, 8 июл Президенти Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе шуд. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.
“Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Бино ба иттилои расмӣ, сафари давлатии Президенти Қирғизистон аз 8 то 9 июл дар Тоҷикистон идома меёбад.
Зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ дар назар дошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ