Садо аз зиндони занон: Фақат ба мо озодӣ намерасад!

Аввалаш дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Пас аз коргоҳи истеҳсоли макарон моро ба ҷониби китобхонаи муассиса роҳнамоӣ карданд. Рафҳои пур аз китоб, бастаи рӯзномаҳои даврӣ, толори тақрибан 15-нафараи хониш ором, 4-5 нафар машғули мутолиа ҳастанд.

— Шумо чӣ ном доред?

— Марҳабо Хоҷаева, қаблан 14 сол омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ будам. Ҳоло бо моддаи 247, қисми 4 маҳбасӣ мебошам.

— Чӣ сабаб шуд, ки даст ба ҷиноят задед?

— Аслан, ман дар кафедраи этика ва эстетика ба сифати методист фаъолият мекардам. Азбаски бо маоши кам дар пеш бурдани зиндагӣ азият кашидам, хостам тиҷорат кунам. Бо фоиз аз ҳамсоям қарз гирифтам. Корам омад накард, хонаро фурӯхта, пулро бо фоиз ба соҳибаш баргардондам, вале забонхат нагирифтам. Чунки ҳамсояамро мешинохтам ва ба ӯ бовар доштам. Пас аз чанд муддат даъво пеш овард, ки пулашро бо фоиз баргардонам. Аз чунин муомила ҳайрон шудам, чӣ кор карданро надонистам. 

— Маблағ чӣ қадар буд ва барои чӣ сарф кардед?

— 37 ҳазор доллар. Аз Туркия либосҳои кӯдакона меовардам ва дар бозори “Корвон” мефурӯхтам.

— Пас аз даъво чӣ кор кардед?

— Фарзандонам соҳибмаълумот ҳастанд. Гуфтанд, ки ҳеҷ гап не, сабр кунад, бармегардонем. Вале розӣ нашуд, ҳамагӣ се рӯз муҳлат монд. Пули калон, дар ин вақти кам чӣ кор кардан ҳам мешавад? Сарнавишт чунин будааст, ки бо ҳукми суд маҳбасӣ шудам. Афсӯс, исбот карда натавонистам, ки қарзро баргардонидаам.

— Шавҳар доред?

— Бале. Дар Маскав аст. Аммо тафсилоти пурраи ҳодисаро намедонад.

— Боз хона доред? Фарзандон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

— Бале. Фарзандонам дар хонаи дигарам, дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд.

— Ба озодӣ бароед, чӣ кор мекунед?

— Соҳибмаълумот ва таърихшиносам, дар донишгоҳ ё ҷойи дигар кор мекунам. Боз уҳдадорам, ки қарзро пардохт намоям. Дигар илоҷе нест.

— Аз шароити будубош дар маҳбас чӣ мегӯед?

— Камбудӣ нест. Ягон кас сухани баланд намезанад. Байни ҳамдигар эҳтиром доранд. Фақат барои мо озодӣ намерасад. Асабӣ мешавам, аз фарзондон дур ҳастам. Духтарам таваллуд кардааст, бехабар мондам. Ҳамагӣ 5 рӯз пас барои суҳбат бо фарзандон иҷозат аст. Хоҳиш мекунам, ки масъулин моддаи 247-ро як бор дида бароянд.

— Дар инҷо чӣ вазифае бар зимма доред?

— Масъули китобхона ҳастам. Айни замон ба 17 номгӯй нашрияҳо дастрасӣ дорем. 5960 номгӯ китобҳои гуногун ва 1500 адабиёти бадеӣ дорем. Ба наздикӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро баргузор намудем.

Аз дари китобхона берун мебароем. Садои гиряолуд ва илтиҷомезе ба гӯш мерасад:

— Арзи моро ҳам гӯш кунед!

P.S Ин саргузашти яке аз ҳамсуҳбатони мо дар Муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак аст. Тафсилоти бештар аз ҳаёти занони дигар ва суҳбат бо масъулин дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.