Сафаралӣ Кенҷаев дар 20- солагӣ вафот кард

Сафаралӣ Кенҷаев, набераи Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар синни 20-солагь аз маризии сепсис ё уфунати умумии бадан бо микробҳои беморизо, ки вориди хун шудаанд, даргузашт.

Шералӣ Кенҷаев, падари Сафаралӣ Кенҷаев, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, писараш як ҳафтаи ахир дар Маркази тиббии шаҳрии №3, воқеъ дар «Шаҳраки тиббӣ” – и шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд.

«Падарам бори дигар вафот кард. Ба умед номи падарамро гузошта будам. Бо дониши худ ба факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, дар курси чорум ва гуруҳи буҷавӣ мехонд, стипендия (идрорпулӣ) мегирифт. Варзишкори хуб буд. ММА машқ мекард”, — гуфт Шералӣ Кенҷаев.

Сафаралӣ Кенҷаеви хурдӣ, писари дуюми Шералӣ Кенҷаев, аст, ки соли 2000 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олам кушодааст.

Шералӣ Кенҷеав номи падараш – Сафаралӣ Кенҷаевро ба ӯ гузошта буд.

Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамчунон аз поягузорон ва фармондеҳони Фронти Халқӣ ба ҳисоб мерафт, ки соли 1999 аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шуд.

Ӯ яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик буд, ки дар ниҳодҳои прокуратура фаъолият намуда, дар солҳои 1990, замони таҳаввулоти бузург дар Тоҷикистон, ба «Катании тоҷик” шуҳрат ёфта буд.

Соли 2018 бо иттиҳоми куштори ӯ чанд узви гуруҳи Абдуҳалим Назаров, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *