Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молия даргузашт
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон дар синни 74-солагӣ даргузашт.
Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 16 июл баъди намози аср, дар масҷиди маҳаллаи маъруф ба “Каленин” баргузор мегардад.
Наҷмиддинов Сафаралӣ Маҳсудинович 20 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, таҳсилкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Солҳои зиёд дар сохторҳои давлатӣ фаъолият дошт. Аз ҷумла, аз соли 2000 то 2013 Вазири молияи Тоҷикистон буд.
Солҳои 1973—1999 дар вазифаҳои гуногун дар Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе ва Вазорати савдо кор кардааст.
Солҳои 1993—1994 муовини вазири савдо ва соли 1994—2000 муовини раиси Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Тоҷикистон буд.
Аз соли 2013 то 2019 директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа буд.
Бо ордени Шараф дараҷаи I мукофотонида шуда, падари ду фарзанд буд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ