Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Москва
8 май Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Русия Владимир Путин барои боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст.
Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар майдони Сурхи шаҳри Москва иштирок хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ